Боздошти сарбози бо силоҳ фироркардаи Гвардияи миллӣ дар шаҳри Турсунзода

Сарбози Гвардияи милии Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба хизмат даъват шудааст, шаби гузашта ҷойи хизмати ҳарбиро тарк кардааст. Ӯ автомати Калашниковро бо тирҳояш бо худ гирифтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод. Кормандони сохторҳои қудратии шаҳри Турсунзода, ҳамчунин гурӯҳҳои пурзӯршудаи кормандони сохторҳои қудратӣ дарҳол ба ҷустуҷӯи сарбози […]

Сарбози Гвардияи милии Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба хизмат даъват шудааст, шаби гузашта ҷойи хизмати ҳарбиро тарк кардааст. Ӯ автомати Калашниковро бо тирҳояш бо худ гирифтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

Кормандони сохторҳои қудратии шаҳри Турсунзода, ҳамчунин гурӯҳҳои пурзӯршудаи кормандони сохторҳои қудратӣ дарҳол ба ҷустуҷӯи сарбози фирорнамуда пардохта, дар ҳамаи роҳҳои даромаду баромад аз шаҳр посгоҳҳои БДА гузошта шуданд.

Субҳи имрӯз сарбози фирории Гвардияи миллии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Турсунзода боздошт шуда, ба қисми ҳарбӣ баргардонида шудааст.

Дар бораи ному насаб ва сабабҳое, ки ӯро ба ин амал водор кардаанд, маълумот дода нашуд. Прокуратураи ҳарбӣ ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, сарбоз замони дар фирор қарор доштанаш ҳеҷ гуна қонуншиканӣ содир накардааст.

Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон соли 1995 дар заминаи бригадаи таъиноти махсуси ВКД таъсис дода шуд. Он замон ин воҳидро Гвардияи президентӣ ном мебурданд. Соли 2004 ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.