Ҳукми 13 соли зиндон ба президенти пешини Украина

Додгоҳи ноҳияи Оболони шаҳри Киев президенти пешини Украина Виктор Януковичро ғоибона 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба "ҷанги таҷовузкорона зидди Украина" айбдор шуд. Гуфта мешавад, додрас Януковичро дар робита ба айби таҷовуз ба тамомияти арзии Украина, ки ба марги одамон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи ноҳияи Оболони шаҳри Киев президенти пешини Украина Виктор Януковичро ғоибона 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба "ҷанги таҷовузкорона зидди Украина" айбдор шуд.

Гуфта мешавад, додрас Януковичро дар робита ба айби таҷовуз ба тамомияти арзии Украина, ки ба марги одамон сабаб шудааст, бегуноҳ эълом кард.

Йайд мешавад, ки худи Янукович дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур надошт. Ба гуфтаи вакили мудофеаш, ӯ ҷарроҳӣ шуда, феълан табобат мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки Додситонии кулли Украина пештар хоста буд, ки Янукович дар хиёнат ба давлат айбдор эълом ва 15 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Қобили зикр аст, ки президенти пешини Украина, ки пас аз эътирозҳои оммавӣ қудратро аз даст дод, аз соли 2014 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.