Боздиди милитсионерҳои ояндаи Ӯзбекистон аз Суғд

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати мазкур бо мақсади шиносоӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳайати намояндагони кишвари ҳамсояро дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ шахсони расмӣ пешвоз гирифта, сипас, меҳмонон аз шаҳри бостонии Хуҷанд, Қасри Арбоб, Маркази миллии «Оши палав», Боғи Парчам, Боғи устод С.Айнӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Қайд мешавад, ки аз 23-юм то 25-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз ҳисоби муассисаҳои олии кишвар ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба мақсади шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанди Ӯзбекситон сафар намуда, бо ҳамсолони худ дӯстию рафоқат барқарор намуданд.

Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки кормандон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз шаҳри таърихии Истаравшан, Мӯғтеппа ва дигар ҷойҳои бостонии вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намоянд.

Ҳамчунин бозии рафиқонаи футбол байни курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...