Боздиди милитсионерҳои ояндаи Ӯзбекистон аз Суғд

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати мазкур бо мақсади шиносоӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳайати намояндагони кишвари ҳамсояро дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати мазкур бо мақсади шиносоӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳайати намояндагони кишвари ҳамсояро дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ шахсони расмӣ пешвоз гирифта, сипас, меҳмонон аз шаҳри бостонии Хуҷанд, Қасри Арбоб, Маркази миллии «Оши палав», Боғи Парчам, Боғи устод С.Айнӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Қайд мешавад, ки аз 23-юм то 25-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз ҳисоби муассисаҳои олии кишвар ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба мақсади шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанди Ӯзбекситон сафар намуда, бо ҳамсолони худ дӯстию рафоқат барқарор намуданд.

Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки кормандон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз шаҳри таърихии Истаравшан, Мӯғтеппа ва дигар ҷойҳои бостонии вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намоянд.

Ҳамчунин бозии рафиқонаи футбол байни курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.