Натиҷагирӣ аз озмуни “Дастархонороӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Дар тарабхонаи “Анситу”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони 22 маҳаллаҳои шаҳр озмуни “Дастархонороӣ” гузаронида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, доварон зимни баҳогузорӣ ба иштирокдорони озмун бештар ба истифодаи сарфарокорнаю моҳиронаи дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, ба замона […]

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Дар тарабхонаи “Анситу”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони 22 маҳаллаҳои шаҳр озмуни “Дастархонороӣ” гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, доварон зимни баҳогузорӣ ба иштирокдорони озмун бештар ба истифодаи сарфарокорнаю моҳиронаи дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, ба замона мутобиқ кардани дастархони оросташуда, камхарҷии он, истифодаи маҳсулотҳои ватанӣ ва ғайра эътибор дода, баҳогузорӣ намуданд.

Гуфта мешавад, Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд зимни натиҷагирӣ аз озмун таъкид дошт, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” эълон гардид. Ҳамин тавр, мақоми аввалро маҳаллаи “Хуҷанд”, ҷойи дуюмро маҳаллаи “Суғдиён” ва зинаи сеюмро маҳаллаи “Тути калон” ба даст оварданд.

Ба ғолибони озмун туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд. Санъаткорони варзидаи вилоят табъи ҳозиринро болида намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи низомномаи озмун маҳаллаи “Хуҷанд” ҳамчун ғолиб ҳуқуқи иштиррок дар озмуни вилоятиро ба даст овард. Интизор меравад, ки даври вилоятии озмуни мазкур даҳаи аввали моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.