Дуздии расми Куинҷӣ “Ай-Петрӣ. Қрим” аз нигористони Третяков

Расми "Ай-Петрӣ. Қрим"-и рассом Архип Куинҷиро аз нигористони Третякови шаҳри Москва дуздиданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабари дуздида шудани расмро, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Вазорати фарҳанг ва Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ кардаанд. Гуфта мешавад, расмро ҳангоми намоишгоҳ дар ҳузури тамошобинон дуздидаанд. Шахси номаълуме дар либоси корманди осорхона […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Расми "Ай-Петрӣ. Қрим"-и рассом Архип Куинҷиро аз нигористони Третякови шаҳри Москва дуздиданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, хабари дуздида шудани расмро, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Вазорати фарҳанг ва Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, расмро ҳангоми намоишгоҳ дар ҳузури тамошобинон дуздидаанд. Шахси номаълуме дар либоси корманди осорхона расми Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим"-ро гирифта, ғайб задааст.

Зикр мегардад, ки дар нигористони Третяков аз моҳи октябр ба ин сӯ намоишгоҳи Архип Куинҷӣ, рассоми нимаи дувуми асри XIX ва аввали асри XX идома дорад. Расми "Ай-Петрӣ" ба Осорхонаи Петербурги Русия тааллуқ дошт. Арзиши бимаии он 12 миллион рубл аст. Дар осорхона гуфтанд, ки расмро бима (суғурта) карда буданд.

Дар Вазорати фарҳанги Русия гуфтаанд, ки номи расмро зуд ба рӯйхати дуздидашудаҳо ворид мекунанд, то аз интиқоли он ба хориҷ пешгирӣ шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.