Доналд Трамп дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Ҷон Марк Поммершайм сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ дода мешавад дар сомонаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон. Дар хабар қайд мешавад, ки ӯ санаи 7 январи соли 2019 ба ин вазифа таъин шуда, ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад. Гуфта мешавад, номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз […]

Asia-Plus

Ҷон Марк Поммершайм сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ дода мешавад дар сомонаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон.

Дар хабар қайд мешавад, ки ӯ санаи 7 январи соли 2019 ба ин вазифа таъин шуда, ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Гуфта мешавад, номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷониби Президент Доналд Трамп дар санаи 12 сентябри соли 2018 пешниҳод шуда буд.

Зикр мегардад, ки пеш аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини Сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ИМА дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст.

Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори Идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатиробар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд.

“Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар силсилаи вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Руссия адои вазифа намудааст, – омадааст дар хабар. – Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоотӣ бо Агентии иттилооти ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардааст”.

Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия, ҳамчунин Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чиниро медонад. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.

Айни замон Кевин Коверт иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ моҳи августи соли 2017 ба иҷрои вазиафи муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар Душанбе оғоз намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.