Таҳияи лоиҳаҳои санадҳои аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзҳои 21-27 январ дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба мувофиқаи масоили тадорукотӣ-ҳуқуқии таъйин ва аломатгузорӣ байни сарҳадҳои давлатии кишварҳо баргузор шуд. “Зимни гуфтушунидҳо лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шуданд, ки бар асоси онҳо дар мавриди муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузорӣ дар маҳалҳо раванди гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мегардад”, – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои 21-27 январ дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба мувофиқаи масоили тадорукотӣ-ҳуқуқии таъйин ва аломатгузорӣ байни сарҳадҳои давлатии кишварҳо баргузор шуд.

“Зимни гуфтушунидҳо лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шуданд, ки бар асоси онҳо дар мавриди муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузорӣ дар маҳалҳо раванди гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мегардад”, – хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Қаблан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷумла дар мавриди таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад баҳсҳо ба вуҷуд меомаданд, лекин бо ба сари мансаб омадани президенти нави ин кишвар Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дуҷониба рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, оид ба масъалаҳои марзиву обӣ ва энергетикӣ, алоқаи ҳавоӣ, реҷаи раводид барои шаҳрвандон гуфтушунидҳои мутақобилан судманд шурӯъ шуданд.

Моҳи марти соли гузашта сарони давлатҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 ба корҳои поккории минаҳо дар қитъаҳои сарҳади муштарак хотима мебахшанд.

Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расида, 19 апрели соли гузашта парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Дар давраи аз 24 феврал то 1 марти соли сипаришуда дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуда, дар он тарафҳо ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия намуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?