Кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати навсозии сохтори “Барқи тоҷик”

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд омодагӣ изҳор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрии раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной ҷонибҳо дар мавриди таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  “Барқи Тоҷик”  ибрози андеша намуданд.

Гуфта мешавад, Фаррух Ҳамрализода иброз доштааст, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таҷдиди ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор меравад ва ҳадаф аз ин – рақобатпазир будани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза – қувваи барқ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной дар навбати худ изҳор намудааст, ки дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи нақшаи инфиродии бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” ҳукумат ният дошт, ки то охири соли гузашта дар заминаи он ду ширкати нави мустақил таъсис диҳад.

Ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, моҳи майи соли гузашта ҳукумат бо қарори худ дастур дода буд, ки тавассути азнавташкилдиҳии сохтори идоракунии «Барқи тоҷик» дар заминаи он Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯйхати воситаҳои асосиро супурда, дар навбати худ он бояд ба ихтиёри ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта дода мешуд.

Пас аз баррасӣ ва маъқул дониста шудани рӯйхат аз ҷониби Кумита, қабули қарори ҳукумат дар назар буд, ки бар асоси он ҷараёни тақсимоти “Барқи тоҷик” ба се ширкат бояд ба хотима мерасид, лекин қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус алҳол қабул нашудааст ё қабул шудаву вале ба нашр нарасидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...