Хадамоти алоқа доир ба сабаби бад будани алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби бад будани алоқаи мобилиро дар шаҳри Душанбе ва ба сурати умум дар саросари кишвар шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев, “барои доштани алоқаи боэътимоди мобилӣ насби ҳарчи бештар пойгоҳҳои заминавӣ (базовая станция) зарур мебошад».

“Гап сари он аст, ки аҳолии шаҳри мо ба насби пойгоҳҳои заминавӣ муносибати манфӣ доранд. Масалан, дар гирду атрофи биноҳои нави баландошёна умуман гузоштани чунин пойгоҳҳоро манъ мекунанд, ки ҳамаи ин ба бад шудани сифати алоқаи мобилӣ боис мегардад”, – гуфт Атоев ба журналистон зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ.

Зимнан зикр шуд, ки “зарари алоқаи мобилиро тавре шарҳ медиҳанд, ки он беҳад зиёд будааст, лекин агар вазъ чунин мебуд, пас технологияи алоқаи барқӣ бо ин суръат рушд намекард”".

“Пойгоҳҳои заминавӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва тавсияи Иттифоқи байнулмилалии алоқа гузошта мешаванд. Агар он воқеъан ҳам зарар дошта бошад, пас чаро мо онҳоро ҳамеша ҳамроҳи худ дорем? Охир дар ин ҳолат он бояд ба солимии мо зарар мекард-ку? Гапи дигар истифодаи беҳад зиёди натанҳо телефони мобилӣ, балки ба гунаи мисол истеъмоли беҳад зиёди хӯрокворӣ низ буда метавонад, ки он ҳам ба саломатӣ зиён меорад”, – қайд кард Атоев.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар саросари кишвар 22 ҳазор пойгоҳҳои заминавӣ насб шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соле пеш шумори онҳо 26 ҳазор ададро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...