Хадамоти алоқа доир ба сабаби бад будани алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби бад будани алоқаи мобилиро дар шаҳри Душанбе ва ба сурати умум дар саросари кишвар шарҳ дод. Бино ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев, “барои доштани алоқаи боэътимоди мобилӣ насби ҳарчи бештар пойгоҳҳои заминавӣ (базовая станция) зарур мебошад». “Гап сари он аст, ки аҳолии шаҳри мо ба […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби бад будани алоқаи мобилиро дар шаҳри Душанбе ва ба сурати умум дар саросари кишвар шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев, “барои доштани алоқаи боэътимоди мобилӣ насби ҳарчи бештар пойгоҳҳои заминавӣ (базовая станция) зарур мебошад».

“Гап сари он аст, ки аҳолии шаҳри мо ба насби пойгоҳҳои заминавӣ муносибати манфӣ доранд. Масалан, дар гирду атрофи биноҳои нави баландошёна умуман гузоштани чунин пойгоҳҳоро манъ мекунанд, ки ҳамаи ин ба бад шудани сифати алоқаи мобилӣ боис мегардад”, – гуфт Атоев ба журналистон зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ.

Зимнан зикр шуд, ки “зарари алоқаи мобилиро тавре шарҳ медиҳанд, ки он беҳад зиёд будааст, лекин агар вазъ чунин мебуд, пас технологияи алоқаи барқӣ бо ин суръат рушд намекард”".

“Пойгоҳҳои заминавӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва тавсияи Иттифоқи байнулмилалии алоқа гузошта мешаванд. Агар он воқеъан ҳам зарар дошта бошад, пас чаро мо онҳоро ҳамеша ҳамроҳи худ дорем? Охир дар ин ҳолат он бояд ба солимии мо зарар мекард-ку? Гапи дигар истифодаи беҳад зиёди натанҳо телефони мобилӣ, балки ба гунаи мисол истеъмоли беҳад зиёди хӯрокворӣ низ буда метавонад, ки он ҳам ба саломатӣ зиён меорад”, – қайд кард Атоев.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар саросари кишвар 22 ҳазор пойгоҳҳои заминавӣ насб шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соле пеш шумори онҳо 26 ҳазор ададро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.