ТВЕА-и Чин ба истихроҷи тилло аз кон дар шимоли Тоҷикистон оғоз мекунад

Ширкати ТВЕА-и Чин давоми ҳамин сол ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарғи Боло”, воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз мекунад. Ҳуқуқи истифодаи ин кон ба ширкати чинӣ барои баргардонидани маблағҳои сарфкардааш дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дода шудааст. “Тибқи нақшаи пешбинишуда, соли 2019 “ТВЕА Душанбе” ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарғи Боло” дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ТВЕА-и Чин давоми ҳамин сол ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарғи Боло”, воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз мекунад. Ҳуқуқи истифодаи ин кон ба ширкати чинӣ барои баргардонидани маблағҳои сарфкардааш дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дода шудааст.

“Тибқи нақшаи пешбинишуда, соли 2019 “ТВЕА Душанбе” ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарғи Боло” дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ мекунад”, – хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Иҷозатномаи истихроҷи тиллоро дар ин кон ТВЕА аввали соли гузашта дарёфт карда буд. То ин дам дастрасии ширкат ба захираҳои кони “Дуоба”, ки низ дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст, боз буд.

Мувофиқи созиши ҳосилшуда байни ҷонибҳо, ширкат ба истихроҷи металлҳои гаронбаҳо аз ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷкардааш барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳуқуқ дорад.

Қобили зикр аст, ки маблағи сарфшудаи ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 – 349 млн. долларро ташкил дода, 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

“Пас аз ин бо ширкат имзои қарордоди нав оид ба истифодаи ин конҳо дар назар буда, вале аллакай бо шартҳои дигар”, – илова намуданд дар Саридораи геология.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи апрели соли гузашта ВАО-и Чин бо истинод ба роҳбариТВЕА Чжан Син хабар дода буданд, ки агар захираҳои ду кони тилло барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоя накунад, пас ба ширкат барои коркарди боз як кони дигар ҳуқуқ дода мешавад.

Чжан Син изҳор намудааст, ки дар конҳо “захираи зиёди маъдани тилло мавҷуд буда, агар он пурра коркард шавад, аз он ширкат фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст оварда метавонад”.

Бино ба гуфтаи раиси ТВЕА, майдони умумии конҳо 15,4 километри мураббаъ, захираҳои собитшудаи тилло дар онҳо – 51,7 тонна ва ҳаҷми захираҳое, ки бояд мавриди таҳқиқ қарор гиранд, 117,16 тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои бадастомада ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), таркиби тилло дар маъдани конҳои “Кумарғи Боло” ва “Дуоба” ба зиёда аз 2 грамм дар 1 тонна маъдан баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.