Истеҳсоли ҳаҷми рекордии тилло дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуд: соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо истеҳсол шуд. Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар ба андозаи 16,9% афзуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Дар Вазорат аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар соли […]

Дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуд: соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо истеҳсол шуд.

Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар ба андозаи 16,9% афзуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Дар Вазорат аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар соли гузашта худдорӣ мекунанд.

Аммо бо назардошти соли 2017 дар Тоҷикистон истеҳсол шудани 5,5 тонна металли рақами 1, метавон тахмин зад, ки соли гузашта бо назардошти афзоиш дар ҳаҷми 16,9% беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо истеҳсол шудааст.

“Бо мақсади афзоиши захираҳои металлҳоигаронбаҳо, 100% тило дар дохили кишвар фурӯхта мешавад”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати саноат.

Қаблан дар Вазорат зикр карда буданд, ки ҳамаи тиллои дар кишвар истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ мешавад.

Аввали соли гузашта дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки тайи 4 соли охир афзоиши солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна зиёда аз 20%-ро ташкил дод, “яъне мо ҳаҷми истеҳсоли ин навъи металли гаронбаҳоро дар ин давра аз 2 то ба 5,5 тонна зиёд кардем”.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар конҳои Таррор, Чоре ва Пакрут шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.