Раиси Хатлон: “Бо нишастан дар утоқи корӣ мушкили кадрҳо ҳал намешавад”

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоти худ бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят, 25 январ ба сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, то донишҷӯёнеро, ки тариқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, онро хатм мекунанд, барои кор ба муассисаҳои тиббии вилоят баргардонанд.

“Роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо донишҷуёне, ки аз ҳудуди вилоят дар курсҳои болоии Донишгоҳи тибии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мулоқотҳо ташкил карда, онҳоро барои кор дар муассисаҳои тандурустии вилоят даъват намоянд. Дар утоқҳои корӣ нишаста мушкили кадрҳоро ҳал карда намешавад”, – иброз намуд Қурбон Ҳакимзода.

Ин дастури раиси вилоят дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ироанамудаи Сайдулло Малайзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳудуди вилоят 926 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ намерасад.

“Дар вилояти Хатлон 353 маркази саломатӣ мавҷуд аст, аммо дар 123 маркази тиббӣ духтурҳои дорои маълумоти олӣ фаъолият надоранд”,-гуфт Сайдулло Малайзода.

Ба гуфтаи Сайдулло Малайзода тайи ду соли охир 44 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Сабаби тарки ҷойи кор кардани духтурҳои дорои маълумоти олиро Малайзода набудани озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ шарҳ дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ шароити кор ва ҷойи зист муҳайё карда шавад.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 3 ҳазору 671 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ, 17 ҳазору 493 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди вилоят танҳо 3 нафар доктори илми тиб, 24 нафар номзади илми тиб ва 23 нафар унвонҷӯ кор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...