Боз чанде аз роҳҳои Тоҷикистонро пулакӣ карданианд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пулакӣ кардани боз чанде аз роҳҳои мошингарди ҷумҳуриро пешниҳод дорад. Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор намуд, ки ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ – Душанбе- Чаноқ самаранокии чунин корро дар ин самт исбот намуд. “ Мо ҳама шоҳиди самаранокии роҳи пулакии Душанбе – […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пулакӣ кардани боз чанде аз роҳҳои мошингарди ҷумҳуриро пешниҳод дорад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор намуд, ки ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ – Душанбе- Чаноқ самаранокии чунин корро дар ин самт исбот намуд.

“ Мо ҳама шоҳиди самаранокии роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд ҳастем. Агар ин роҳ пулакӣ намебуд, танҳо бо як воситаҳои Вазорати нақлиёт роҳро дар фурсати кӯтоҳ аз барфтӯдаву тарма тоза карда наметавонистем. Барои таъмини ҳаракати нақлиёт бо ин роҳ ҳукумат пул ҷудо намекунад”, – иброз дошт ӯ.

Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёт қайд кард, ки Вазорат то охири соли равон ҷиҳати ҷорӣ кардани пардохти муайяни маблағ барои истифода аз роҳҳои дигари кишвар ба ҳукумат пешниҳоди дахлдор мефиристад ва доир ба пулакӣ шудани роҳҳои дараҷаи аввал фармони дахлдори ҳукумат низ мавҷуд аст. Роҳи мушаххасеро дар ин маврид муовини вазир номбар накард.

Ба саволи журналистон дар бораи баргардонидани қарзҳои гирифта барои сохтмони роҳ вазири нақлиёт мухтасар чунин посух дод: “Қарзҳо пардохта шуда истодаанд, бисёре аз ин қарзҳо дарозмуҳлатанд”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2010 бори нахуст дар Тоҷикистон барои истифода аз роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ (шимоли ҷумҳурӣ) пардохти маблағ ҷорӣ шуд. Бар асоси шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон идоракунӣ ва хизматгузорӣ ба зербинои роҳро филиали ширкати  IRS бар уҳда дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".