Сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби худ 605 км роҳро таъмир кардаанд

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон 605 км. роҳ таъмир карда шуд. Ӯ гуфт, ки бо кӯмаки соҳибкорон ва сокинон асосан роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир карда шуд. “Имсол аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 60,8 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 8,9 млн. […]

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон 605 км. роҳ таъмир карда шуд. Ӯ гуфт, ки бо кӯмаки соҳибкорон ва сокинон асосан роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмир карда шуд.

“Имсол аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи 60,8 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 8,9 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон ба маблағи 75,5 млн. сомонӣ 875 км. роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ таъмир карда шуд. Аз 605 км. роҳи таъмиркардаи соҳибкорон ва сокинон 155 км. асфалтпӯш карда шуд”,-гуфт вазири нақлиёт.

Ӯ зикр намуд, ки дар навбати худ вазорати нақлиёт онҳоро бо техника ва коркунон таъмин намудааст.

“Барои таъмири роҳе, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон анҷом дода мешавад, мо техника ва корманд ихтисос медиҳем. Масалан, соли гузашта дар Рашт аз 155 тонна битуми барои таъмир зарурӣ, 131 тоннааш бо маблағи соҳибкорон харидорӣ карда шуд. Ният дорем, ки ин таҷрибаро соли ҷорӣ низ идома диҳем”, -иттилоъ дод вазир.

Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки барои асфалтпӯш кардани як метр роҳ 26 доллар сарф мешавад. Агар як километр роҳ 7500 метри квадратӣ бошад, пас барои асфалтпӯш кардани он 196 ҳазор доллар зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".