Вазорати нақлиёт дастӣ тозакунии роҳи Хоруғро бардурӯғ унвон кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои дар ҳолати муносиб барои ҳаракати нақлиёт нигоҳ доштани роҳҳои мошингард аз Душанбе ба самти ВМКБ ва водии Рашт техникаи махсус ва таҷҳизот мехарад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода изҳор намуд, ки аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушд 88 адад техникаи махсус ва таҷҳизот дастрас гардида, мувофиқи масофаи роҳ ва техникаву таҷҳизоте, ки айни замон дар ихтиёри минтақаҳо қарор дорад, тақсим карда мешавад.

“Аз ин шумор айни замон 23 адад техникаи махсус, аз ҷумла 4 булдозер, 6 мошини боркунанда ва 5 грейдер  дар роҳ ба сӯйи Тоҷикистон қарор доранд, ки барои дар ҳолати муносиб ба истифода нигаҳдории роҳҳо ба Бадахшону водиии Рашт фиристода мешаванд”, – иброз дошт вазир.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо дигар минтақаҳо, танҳо дар Хоруғу Ишкошим камбуди техникаи истифода дар роҳҳо ба мушоҳида расида, ягона мошини боркунандае, ки дар Ишкошим кор мекард, тарма ба дарё бурдааст.

“Ба сурати умум дар Хоруғ 109 адад техника барои истифода дар роҳҳо мавҷуд буда, лекин танҳо 66%-и онҳо коршояманд”, – қайд кард ӯ.

Вазир ҳамчунин сабаби баста шудани роҳи Хоруғ – Ишкошимро дар нимаи моҳи январ шарҳ дода, изҳор намуд, ки хабарҳои гӯё аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дастӣ тоза шудани он асоси воқеӣ надоранд.

“Ман ҳамчун вазири нақлиёти Тоҷикистон итминон медиҳам, ки ин хабарҳо дурӯғи маҳзанд. Мо ба он ҷо ҳамаи техникаи нави махсусро аз Кӯлобу Восеъ сафарбар намудем, то ки роҳ ба Хоруғ боз шавад”, – зикр кард Худоёрзода.

Ба қавли Худоёрзода, тозакунии роҳи Хоруғ – Ишкошим хеле душвор сурат гирифта, бинобар сабаби хатари тармафароӣ се рӯз кормандон ба роҳ набаромаданд. “Бо ҳамин сабаб замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин роҳро муддати ҳатто як моҳ аз тарма тоза мекарданд”, – таъкид дошт вай.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои тозакунии роҳ чандин нафар кормандон зери тарма монда, ҳарчанд наҷоти бархе аз онҳо муяссар гардида бошад ҳам, ду нафарашон ҳалок шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави шаҳру навоҳии Тоҷикистон 64 муассисаҳои истифодабарии роҳҳо амал мекунанд, ки 2 ҳазору 930 нафар дар онҳо машғули коранд.

“Аз ин шумор 1233 нафар кормандони хатҳои роҳ мебошанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи истифобарӣ, тарҳрезӣ ва баҳодиҳии роҳҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Ҳукуматшо Оқсақолов.

Бино ба маълумоти роҳбар, дар ихтиёри роҳсозони кишвар  951 адад техника қарор дорад, ки танҳо 609-тои он коршоям мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...