Русия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик беш аз 630 квота ҷудо кард

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019-2020 квотаҳоои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Номбурда мегӯяд, аз шумори зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки тибқи барномаҳои гуногун дар Русия мехонанд, аксарият аз ҳисоби буҷет таҳсил дошта, квотаҳои Россотрудничество аз ин шумор ҳамагӣ 10%-ро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр шуд, ки дар Маркази илму фарҳанги Русия (Россотрудничество) дар Тоҷикистон бақайдгирии шаҳрвандони кишвар ҷиҳати иштирок дар озмоишҳои интихобӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия дар соли хониши 2019/2020 оғоз гардид.

“Бақайдгирӣ аз 21 январ шурӯъ ва то 21 феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар ин давра мебояд дар портали www.RUSSIA.STUDY худро ба қайд гузошт. Ҳамчунин нусхаҳои тамоми ҳуҷҷатҳои дар номгӯи талабот зикршуда, ишораи интихоби ҳатмии ихтисос ва донишгоҳ зарур аст”, – қайд кард ӯ.

Озмоишҳои даври интихобӣ аз рӯи дархостҳо санаи 22 феврал дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, рӯзи 24 феврал дар Душанбе ва пас аз як ҳафта дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ гузаронида мешаванд.

“Зимни ба суҳбат ҳозир шудан довталабро лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои ҳамаи дастовардҳояшро давоми таҳсил бо худ орад. Ғайр аз ин, довталаб бояд дорои имконоти хуби робита бошад, то ки натанҳо ба саволҳо посух диҳад, балки ба азхудкунии барномаи таҳсил дар мактаби олии Русия низ қодир бошад”, – илова кард Вождаев.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...