Арзиши иҷозатнома ба сохтмони манзил дар Душанбе маълум шуд

Date:

Маблағи гирифтани иҷозатнома барои сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар шаҳри Душанбе аз 165 то 220 сомониро барои 1 метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад.

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд ширкатҳои сохтмон, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе ба сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш машғуланд, барои дастрас намудани иҷозатномаи ҳукуматдорони шаҳр хироҷ пардохт мекунанд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон доир ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор намуд, ки ширкатҳои машғул ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои фурӯш дар пойтахт то ҳол чунин хироҷ пардохт намекарданд.

Вазир таъкид дошт, ки арзиши гирифтани иҷозатнома барои сохтмон аз 165 то 220 сомониро барои як метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад.

Дар бораи дар кадом ҳолатҳо пардохт шудани 165 сомонӣ ва 220 сомонӣ вазир маълумот надод.

Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.

Ташкилотҳои буҷетии ҷумҳурӣ, ки ба сохтмони иншооти таъиноти саноатӣ ва иҷтимоӣ, иншооти зербинои бахши сайёҳӣ машғалунд, аз пардохти чунин хироҷ озод карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...