Моҳи марти имсол тоҷикистониён 15 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд. Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар истироҳат эълон мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо (21, 22, 23 ва 24 март) истироҳат эълон шудааст.

Имсол рӯзҳои 23 ва 24 март ба рӯзҳои истироҳати шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, аз ин рӯ, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон 15 рӯз: 2,3, 8,9,10, 16,17, 21,22,23,24,25,26, 30 ва 31 моҳи оянда истироҳат мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.