Агентии зиддифасод: Танҳо Рустами Эмомалӣ санҷиши фаъолияти молиро дархост кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз раисони шаҳру навоҳии кишвар танҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мо дархост намуд, ки фаъолияти молиявии мақомоти шаҳрдории зери роҳбариаш қарордошта санҷида шавад, хабар дод ба журналистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, раиси пойтахт аллакай соли дуюм аст, ки ба Агентӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ ҷиҳати санҷиш дархост равон мекунад. “Аз дигар раисони шаҳру навоҳӣ ба мо чунин дархост нарасидааст”, – иброз дошт Султонзода.

Ӯ қайд кард, ки мувофиқи нақшаи кории Агентӣ оид ба санҷиши фаъолияти молиявии мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамасола аз ҷониби президент тасдиқ мешавад, чунин санҷишҳо интихобӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Охири моҳи январи соли гузашта низ Рустами Эмомалӣ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2017 ба Агентии мазкур дархост ирсол карда буд.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди азхудкунии воситаҳои буҷет дар мақомоти шаҳрдорӣ, бахусус дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” рӯшанӣ андохта шавад.

Баъдан масъалаи хароҷоти воситаҳои буҷет дар 69 иншооти мавриди сохтмон қарордошта ва қаблан мавриди истифода қароргирифта санҷида шуда, дар ин иншоот ба маблағи умумии 7,8 млн. сомонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ошкор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...