Хатлон: ҳалокати падари хонавода ва 2 кӯдаки ӯ аз дуди ангишт

Дар ноҳияи Кӯшониёни (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон се нафар аъзои як оила бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Фоҷеа субҳи 11 феврал рух дод: дар хона ҷасадҳои падари хонавода Зокир Шокирови 49-сола ва ду нафар кӯдакони ӯ – Анаси 19-сола ва Мадинаи 18-сола дарёфт шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Кӯшониёни (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон се нафар аъзои як оила бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҳалок шуданд.

Фоҷеа субҳи 11 феврал рух дод: дар хона ҷасадҳои падари хонавода Зокир Шокирови 49-сола ва ду нафар кӯдакони ӯ – Анаси 19-сола ва Мадинаи 18-сола дарёфт шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, майор Умеда Юсуфӣ.

Ташхис нишон дод, ки Шокировҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ки бо он дар оташдонашон алов гиронда, хонаро гарм мекарданд, ҳалок шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, чунин фоҷеа аз охири соли 2017 дар Тоҷикистон рух надода буд. Моҳи декабри соли 2017 бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт сокинони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамсарони 55-сола дар хонаашон ҳалок шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.