Вазир сабаби ҷалби ОМОН-ро дар саркӯби ошӯби зиндони Хуҷанд шарҳ дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зиндониёни ошӯбгар, ки дар терроризму ифротгароӣ даст доштанд, ҳафт нафар кормандони муассисаи ислоҳиро гаравгон гирифта буданд, хабар дод вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар паноҳи гаравгонон онҳо ба пешниҳоди ҳар гуна талабҳои таҳдидомез ба ҳукуматдорон оғоз намуданд. Дар ҳамин ҳол, вазир аз ифшои мушаххаси талабҳои ошӯбгарон худдорӣ намуд.

“Барои озод кардани одамон дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) ҷалб шуда, мутаассифона, ду нафари онҳо куштаву панҷ нафар наҷот дода шуданд”, – қайд кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки қаблан зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар дода буд, ки чанде аз кормандон муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта дар он ошӯб сар зад, дар муносибат бо маҳкумшудагон ба амалҳои коррупсионӣ даст мезадаанд.

Дар бораи чӣ гуна амалҳои коррупсионӣ содир шудан байни кормандони муассиса ва маҳбусон ӯ маълумот надод.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар исёни муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд 21 нафар маҳбусон, ки асосан ба иттиҳоми терроризм маҳкум шуда буданд ва 2 нафар корманди муассиса ҳалок шуданд.

Гурӯҳи махсуси Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тафтиши ҳодисаи исёни маҳбусон дар ин муассиса машғул аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...