Афзоиши босуръати ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14,9 млн. доллар дар соли 2015 то ба 281,5 млн. доллар дар соли 2018 расид. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2015 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя […]

Тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14,9 млн. доллар дар соли 2015 то ба 281,5 млн. доллар дар соли 2018 расид.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2015 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя 8,8 млн. доларро ташкил дода, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 155,3 млн. доллар баробар шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯйдодҳои муҳим рух дода, байни давлатҳо ба маблағи зиёда аз 300 млн. доллар қарордоду созишномаҳо ба имзо расиданд.

Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли 2018 сарваи давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуда буд: “Барои рушди ҳамкорӣ ҳоло мо имкониятҳои зиёди дигар дорем. Корро бо ҳамин суръат идома дода, ҳаҷми муомилоти молро то ба 500 млн. доллар мерасонем. Дар асл бошад, имконоти мо – ҳадди ақал 1 млрд. доллар аст”.

Бино ба маълумоти сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли ин солҳо Ӯзбекистон устуворона ба сафи панҷгонаи кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил гардид.

Дар ин самт зинаи аввалро бо каме бештар аз 1 млрд. доллар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон Русия, дар идома Қазоқистон – бо беш аз 836 млн., Чин – зиёда аз 651 млн., Туркия – наздики 402 млн доллар ва Ӯзбекистон ишғол мекунанд.

Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ ва семент содирот шуда, аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон газ ва маҳсулоти гуногуни ниёзи мардум ворид мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.