Вазир сабаби ҷалби ОМОН-ро дар саркӯби ошӯби зиндони Хуҷанд шарҳ дод

Зиндониёни ошӯбгар, ки дар терроризму ифротгароӣ даст доштанд, ҳафт нафар кормандони муассисаи ислоҳиро гаравгон гирифта буданд, хабар дод вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. Бино ба гуфтаи ӯ, дар паноҳи гаравгонон онҳо ба пешниҳоди ҳар гуна талабҳои таҳдидомез ба ҳукуматдорон оғоз намуданд. Дар ҳамин ҳол, вазир аз ифшои мушаххаси талабҳои ошӯбгарон […]

Зиндониёни ошӯбгар, ки дар терроризму ифротгароӣ даст доштанд, ҳафт нафар кормандони муассисаи ислоҳиро гаравгон гирифта буданд, хабар дод вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар паноҳи гаравгонон онҳо ба пешниҳоди ҳар гуна талабҳои таҳдидомез ба ҳукуматдорон оғоз намуданд. Дар ҳамин ҳол, вазир аз ифшои мушаххаси талабҳои ошӯбгарон худдорӣ намуд.

“Барои озод кардани одамон дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) ҷалб шуда, мутаассифона, ду нафари онҳо куштаву панҷ нафар наҷот дода шуданд”, – қайд кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки қаблан зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар дода буд, ки чанде аз кормандон муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта дар он ошӯб сар зад, дар муносибат бо маҳкумшудагон ба амалҳои коррупсионӣ даст мезадаанд.

Дар бораи чӣ гуна амалҳои коррупсионӣ содир шудан байни кормандони муассиса ва маҳбусон ӯ маълумот надод.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар исёни муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд 21 нафар маҳбусон, ки асосан ба иттиҳоми терроризм маҳкум шуда буданд ва 2 нафар корманди муассиса ҳалок шуданд.

Гурӯҳи махсуси Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тафтиши ҳодисаи исёни маҳбусон дар ин муассиса машғул аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.