Бекорони ВМКБ дар Роғун бо кор таъмин мешаванд

Шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта бо мусоидати ВКД Тоҷикистон беш аз 100 нафар сокинони бекори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо кор таъмин шуданд, хабар дод ба рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода. Бино ба гуфтаи ӯ, як қисмати муайяни ҷавонони бекори минтақа ҳамчунин дар сохторҳои қудратии вилоят […]

Шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта бо мусоидати ВКД Тоҷикистон беш аз 100 нафар сокинони бекори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо кор таъмин шуданд, хабар дод ба рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, як қисмати муайяни ҷавонони бекори минтақа ҳамчунин дар сохторҳои қудратии вилоят бо ҷойи кор таъмин шуда, бархеро ба кор кардан дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон даъват карданд.

“Ғайр аз ин, ВКД аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дархост намуд, ки дар бораи бо кор таъмин намудани ҷавонони вилоят ки дорои малакаҳои касбӣ дар бахшҳои гуногун мебошанд, дар хориҷи Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар Русия барномаи ҳадафнок таҳия намояд”, – қайд кард вазир.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки баъди аз охири моҳи сентябри соли гузашта дар ВМКБ ба фаъолият оғоз намудани ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини қонуният дар қаламрави вилоят, вазъ зери назорат гирифта шуда, сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ ба таври қобили мулоҳиза кам шуд ва волияти қонун пурра таъмин гардид.

“Имрӯз сокинони Хоруғ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон барои дар як муддати кӯтоҳ ҷорӣ кардани тартиботи ҳуқуқӣ дар шаҳр миннатдорӣ изҳор менамоянд”, – изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.