Ҳукми 30 соли зиндон ба сокини Хатлон барои омодагӣ ба таркиш дар пойгоҳи низомии Русия

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе сокини 39-солаи ноҳияи Фархор Баҳриддин Шарофидиновро бо айбдорӣ дар омодагӣ ба содир намудани таркишҳо назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе хабар дод, Шарофиддинов қаблан барои даъватҳои […]

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе сокини 39-солаи ноҳияи Фархор Баҳриддин Шарофидиновро бо айбдорӣ дар омодагӣ ба содир намудани таркишҳо назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе хабар дод, Шарофиддинов қаблан барои даъватҳои террористӣ ва ифротгароёна солҳои 2004 ва 2007 дар Русия ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Шарофиддинов ҳангоми адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои шаҳри Перм тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) робита барқарор мекунад.

“Он замон ӯ тариқи интернет ба ғояҳои Давлати исломӣ савганд ёд карда, сипас моҳи августи соли 2017 озод шуда, ба Тоҷикистон бармегардад. Ба ҳаммаслакони худ аз Давлати исломӣ хабар медиҳад, ки ният дорад дар бинои ШВКД ноҳияи Фархор, ҳукумати маҳаллӣ ва ҳамчунин ҷойҳои сериздиҳоми мардум дар ин ноҳия тарикшҳо ба амал орад”, – хабар доданд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, ӯ тавассути интернет чӣ гуна тайёр кардани дастгоҳҳои таркандаро омӯхта, аз таркиш дар хонааш аз якчанд ангуштонаш маҳрум мешавад.

“Моҳи феврали соли 2018 ӯ дар хонаи худ ду парчами Давлати исломиро тайёр карда, яктои онро дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Фархор овезон мекунад. Ба воситаи шабакаҳи иҷтимоӣ ӯ ба ҳаммаслакони худ хабар медиҳад, ки барои содир намудани таркишҳо дар маркази Душанбе ва назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дастгоҳҳои тарканда омода намуда, дастури онҳоро интизор аст”, – гуфт манбаъ.

Лекин нақшаҳои тарҳрезишудаи ӯ амалиношуда боқӣ монданд: моҳи сентябри соли гузашта Баҳриддин Шарофиддинов аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар Фархор боздошт шуд. Зимни кофтукови манзили ӯ дастгоҳу таҷҳизот ва маводи тарканда дарёфт шуд.

Дар мурофиаи судӣ ӯ аз амалҳои тарҳрезинамудааш пушаймонӣ изҳор накарда, зикр намуд, ки ба савганди додааш ба “Давлати исломӣ” содиқ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.