Пагоҳ дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, 28 феврал субҳ дар Душанбе ҳаво абрноки бе бориш буда, нимаи дуюми рӯз борон меборад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 12 – 14 дараҷа гарм шавад.
Дар тамоми ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки борони нимаи дуюми 28-уми феврал оғозгардида то охири ҳафта идома ёфта, ба борони сахт табдил меёбад. 3 март дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар борони шиддатнок дар назар аст. Дар Хоруғ барф меборад.
Ҳавошиносон огоҳ менамоянд, ки аллакай шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ, қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд), минтақаҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ғунд, Рӯшон – Бартанг) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



