Корхона, роҳ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ… Ваъдаи раисони ноҳияҳои Хатлон

Қурбон Ҳакимзода, раиси нави вилояти Хатлон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба бунёди иншоотҳои гуногун аз ҳисоби худ даъват кард. – Ҳамаи мо талош мекунем дар ободонии кишвар саҳм гузорем. Аммо ҳар яки мо дар алоҳидагӣ чӣ кореро анҷом додем? Агар худи мо пешсаф набошем, дигаронро раҳнамоӣ карда наметавонем. Аз ин сабаб, ҳар як раиси вилоят бояд […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои “Азия-Плюс”

Қурбон Ҳакимзода, раиси нави вилояти Хатлон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба бунёди иншоотҳои гуногун аз ҳисоби худ даъват кард.

– Ҳамаи мо талош мекунем дар ободонии кишвар саҳм гузорем. Аммо ҳар яки мо дар алоҳидагӣ чӣ кореро анҷом додем? Агар худи мо пешсаф набошем, дигаронро раҳнамоӣ карда наметавонем. Аз ин сабаб, ҳар як раиси вилоят бояд аз ҳисоби худ иншооте бунёд кунад. Шарт нест, ки он калон ва гарон бошад. Муҳим гӯшаеро бояд обод кунам, – иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.

Ҳарчанд Қурбон Ҳакимзода мушаххас нагуфт, ки худ чӣ месозад, аммо ба хабарнигори “Азия – Плюс” муяссар гардид, ки аз 11 раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  пурсад: аз ҳисоби худ чӣ месозед?

Маҳмадюнус Сайфиддинзода, раиси ноҳияи Панҷ аз камтарин мансабдороне буд, ки дар мавриди нақшаҳояш озод ва муфассал нақл намуд.

– Ман бо бародарон ва наздиконам тасмим гирифтем, ки кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабутро азнавсозӣ кунем. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, барои азнавсозии иншоот наздики 10 миллион сомонӣ лозим аст. Солҳои зиёд модарам роҳбари ин муассиса буданд. Аз ин сабаб, мо омодаем онро пурра бозсозӣ намоем,- гуфт Маҳмадюнус Сайфиддинзода.

Дар баробари ин, М. Сайфиддинзода гуфт, нақша дорад, ки ба маблағи 1 млн. сомонӣ гармхона ва инчунин, сардхона ва як корхонаи консервабарорӣ низ бунёд намояд.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюнус Сайфиддинзода фарзанди яке аз раисони номдори колхози “Правда”, вакили шӯрои олии Тоҷикистон – Сайфиддин Кабут аст.

Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун иқрор шуд, ки то имрӯз оид ба ин масъала тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

– Оид ба ин масъала ҳоло фикр накардаам, аммо акнун метавонам гӯям, ки чанд маоши худро ба таъмири майдони марказии ноҳия медиҳам, – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамон лаҳза ба сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастур дод, ки маоши ӯро барои азнавсозии майдони марказии ноҳия равона созад.

Ҷаббори Ғафор, раиси ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст бо наздиконаш роҳи маҳаллиро дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ин ноҳия таъмир намояд, як нуқтаи таъмини гази моеъ ва ҳамом созад. Аммо Ҷаббори Ғафор нагуфт, ки барои ин кор чӣ қадар маблағ сарф мешавад.

Раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур гуфт, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия бунгоҳи тиббӣ ва бо кӯмаки бародаронаш, дар яке аз мактабҳои зодгоҳаш – ноҳияи Кӯшониён ду синфхонаи иловагӣ месозад. Амирбеки Темур гуфт, ки пас аз анҷоми сохтмон маблағи дақиқи сарфкардаашро ошкор хоҳад кард.

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз дошт, ки оилаи онҳо калон аст ва онҳо метавонанд чанд корхона созанд.

– Мо чанд корхона месозем ва садҳо сокинони ноҳияро бо ҷойи кор таъмин мекунем,- гуфт ӯ.

Ӯ низ ваъда дод, ки баъди ба истифода додани корхонаҳо хабарнигоронро даъват карда, дар бораи ҳаҷми маблағи сарфкардааш маълумот медиҳад.

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён изҳор дошт, ки якҷо бо наздиконашон роҳи маҳаллии деҳаи “Файзулоев”- ро таъмир намуда, кӯчаҳои ин деҳаро чароғон мекунанд.

Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Шаҳритус тасмим гирифтааст 500 метр роҳрави боғи ноҳияро аз ҳисоби худ сафолчинӣ кунад.

Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нуриддин Садриддинзода меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва як синфхона дар мактаби № 46 -и ноҳия месозад.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон ваъда дод, ки дар маркази ноҳияи Хуросон маркази хизматарсонии сеошёна бунёд мекунад.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода мушаххасан нагуфт, ки чӣ месозад, танҳо иброз намуд, ки дар корҳои ободонӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолият, саҳм мегузорад.

Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бошад, ягона раисе буд, ки ошкор иброз намуд: барои аз ҳисоби худ сохтани ин ё он иншоот имкон надорад. Ӯ гуфт, ки дар рушди ноҳия саҳми худро мегузорад.

Дар як соли охир бунёди иншоотҳои гуногун аз ҷониби мансабдорони Тоҷикистон бештар гардид. “Азия – Плюс” чанде пеш дар бораи панҷ мансабдори давлатие, ки аз ҳисоби худ иншоотҳои гуногун бунёд кардаанд, матлаби алоҳида нашр карда, аз раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ном гирифта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...