Ҳавошиносон: Пагоҳ ҳаво тағйир меёбад, борон меборад

Пагоҳ дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, 28 феврал субҳ дар Душанбе ҳаво абрноки бе бориш буда, нимаи дуюми рӯз борон меборад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 12 – 14 дараҷа гарм шавад. Дар тамоми ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки борони нимаи дуюми 28-уми […]

Asia-Plus

Пагоҳ дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, 28 феврал субҳ дар Душанбе ҳаво абрноки бе бориш буда, нимаи дуюми рӯз борон меборад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 12 – 14 дараҷа гарм шавад.

Дар тамоми ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки борони нимаи дуюми 28-уми феврал оғозгардида то охири ҳафта идома ёфта, ба борони сахт табдил меёбад. 3 март дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар борони шиддатнок дар назар аст. Дар Хоруғ барф меборад.

Ҳавошиносон огоҳ менамоянд, ки аллакай шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ, қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд), минтақаҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ғунд, Рӯшон – Бартанг) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.