Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки дар назар аст он ҷо мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад, 12 апрел сурат мегирад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод. Мулоқоти роҳбарони кишварҳои ОМ дар чунин шакл, аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо дар Остона, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки дар назар аст он ҷо мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад, 12 апрел сурат мегирад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мулоқоти роҳбарони кишварҳои ОМ дар чунин шакл, аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо дар Остона, пешниҳод гардида буд.

Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.

“Сол аз сол Наврӯз дар кишварҳои минтақа васеъ таҷлил карда мешавад, нақшаи кории президентҳо ҳам дар ин шабу рӯз зиёд аст, аз ин сабаб, роҳбарони кишварҳои ОМ қарор карданд, ки на дар арафаи Наврӯз, балки моҳи апрел дар Тошканд мулоқот намоянд”,-гуфт манбаъ.

Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков  ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев  иштирок карда буданд.

Он замон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки имрӯз дар муносибатҳои ҳамҷавории кишварҳои Осиёи Миёна саҳифаи нав боз гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.