Тағйироти кадрӣ. Кӣ ба куҷо?

Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида ба ҷойи ӯ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъйин гардид. Имрӯз, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон иттилоъ […]

Asia-Plus

Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида ба ҷойи ӯ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъйин гардид.

Имрӯз, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин, бино бар иттилои сомонаи расмии Президент, тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода — директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор — директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.