Боздиди намояндагони созмонҳои байналхалқӣ аз роҳи Душанбе – Хуҷанд

spot_imgspot_img

Дата:

Бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Оғо-Хон оид ба рушд, САҲА, ФБА, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, 26 феврал бо вазъи роҳи Душанбе – Хуҷанд шинос шуданд.

Меҳмонон ба минтақаҳои хатарноки тармарез рафта, бо фаъолияти кормандони IRS, вазорати нақлиёт ва КҲФ дар самти нигоҳдории шоҳроҳ шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро бар зимма дорад.

Мутахассисони тоҷик ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ шарҳ доданд, ки барои бартараф кардани қатъи ҳаракат дар роҳ, дар мавсими тирамоҳу зимистон, бояд галереяҳо (нақбҳои рӯйизаминӣ) сохта шавад.

“Ҳоло дар ин роҳ 24 галерея сохта шудааст. Аммо барои таъмини пурраи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ, боз 55 галерияи дигар бояд сохта шавад”,-гуфт котиби матбуотии ширкати IRS Далер Мерганов.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тибқи нақшаи маъмулӣ ба роҳ монда шудааст ва ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...