Яке аз бинокорони масҷиди Душанбе, ки дар шуъбаи эҳё бистарӣ буд, фавтид

Давлатшо Юсупов – сокини 60-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз бинокорони масҷиди бузурги Душанбе, ки дар шуъбаи эҳё бистарӣ гардида буд, шаби гузашта фавтид. Сабаби марги ӯ ҷароҳатҳои зиёди вазнин будааст, ки дар пайи афтодан Д. Юсупов бардоштааст. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” имрӯз, 27 феврал, муовини сардухтури Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Сулаймон Табаров […]

Asia-Plus

Давлатшо Юсупов – сокини 60-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз бинокорони масҷиди бузурги Душанбе, ки дар шуъбаи эҳё бистарӣ гардида буд, шаби гузашта фавтид.

Сабаби марги ӯ ҷароҳатҳои зиёди вазнин будааст, ки дар пайи афтодан Д. Юсупов бардоштааст. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” имрӯз, 27 феврал, муовини сардухтури Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Сулаймон Табаров иттилоъ дод.

“Дар пайи афтодан аз баландӣ Давлатшо Юсупов ҷароҳати зиёд бардошта буд, аз ҷумла, осеби пӯшидаи косахонаи сар, ларзиши майнаи сар, садамаи пӯшидаи қафаси сина, шикасти қабурғаҳои 3, 4, 5 аз тарафи рост, кафидани шуши рост, кафидани ҷигар. Инчунин, бемор бо як гурда фаъолият мекардааст, ки ин низ яке аз сабабҳои марги ӯ гардид. Яъне духтурон натвонистанд ӯро наҷот диҳанд”,- гуфт Сулаймон Табаров.

То ҳол як нафар коргари дигаре, ки аз зинапояи масҷид афтода буд, дар шуъбаи эҳё боқӣ мемонад. Ӯ бо ҷароҳати ҷунбиши майнаи сар бистарӣ гардидааст. Сулаймон Табаров вазъи ӯро “беҳтар” унвон кард.

Вазъи се нафари дигар, ки дар шуъбаи ҷарроҳии асаб бистарӣ гардидаанд, нисбатан хуб гуфта мешавад. Аммо ба ҳар ҳол зери назорат қарор доранд.

Се нафар коргари ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардошта, дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 25 феврал дар масҷиди бузурги Душанбе, дар натиҷаи шикастани зинапояи сохтмонӣ, 9 нафар бинокор аз болои он афтода, бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд. Баландии зинапоя беш аз 30 метр гуфта мешавад.

То ҳол касе аз масъулин ё худи ҷароҳатбардоштагон нагуфтаанд, ки сабаби аслии шикастани зинапоя чӣ буд. Рӯшан нест, ки онҳо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор дар сохтмонро риоя мекарданд ё не.

Дар ҳамин ҳол, прокуратураи шаҳри Душанбе вобаста ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 190-и (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ,сохтмон ва дигар корҳо1) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора аз Прокуратураи генералӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Барои вайрон кардани талаботи ин моддаи қонун, ҷарима дар ҳаҷми аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст. Агар ин ҳодиса боиси марги инсон шуда бошад, ҷазо дар шакли маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ баҳамин мӯҳлат пешбинӣ гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.