Боздиди намояндагони созмонҳои байналхалқӣ аз роҳи Душанбе – Хуҷанд

Бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Оғо-Хон оид ба рушд, САҲА, ФБА, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, 26 феврал бо вазъи роҳи Душанбе – Хуҷанд шинос шуданд. Меҳмонон ба минтақаҳои хатарноки тармарез рафта, бо фаъолияти кормандони IRS, вазорати нақлиёт ва […]

Аваз Юлдошев

Бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Оғо-Хон оид ба рушд, САҲА, ФБА, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, 26 феврал бо вазъи роҳи Душанбе – Хуҷанд шинос шуданд.

Меҳмонон ба минтақаҳои хатарноки тармарез рафта, бо фаъолияти кормандони IRS, вазорати нақлиёт ва КҲФ дар самти нигоҳдории шоҳроҳ шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро бар зимма дорад.

Мутахассисони тоҷик ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ шарҳ доданд, ки барои бартараф кардани қатъи ҳаракат дар роҳ, дар мавсими тирамоҳу зимистон, бояд галереяҳо (нақбҳои рӯйизаминӣ) сохта шавад.

“Ҳоло дар ин роҳ 24 галерея сохта шудааст. Аммо барои таъмини пурраи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ, боз 55 галерияи дигар бояд сохта шавад”,-гуфт котиби матбуотии ширкати IRS Далер Мерганов.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тибқи нақшаи маъмулӣ ба роҳ монда шудааст ва ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.