Музокироти Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо барои содироти маҳсулот бидуни боҷи гумрукӣ

Дар сурати риояи ҳуқуқи инсон, ҳифзи меҳнат, муҳити зист ва идораи пурмаҳсул Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои содироти маҳсулот, бидуни боҷӣ гумрукӣ, иҷоза медиҳад.

Масоили вобаста ба пайвасташавии Тоҷикистон ба низоми генералии афзалиятҳо (GSP+) дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии маблағгузоӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар кишвар Мэрилин Йозефсон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Кумитаи мазкур.

Дар ҷараённи мулоқот зикр карда шуд, ки вуруд ба ин низом ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки беш аз 6,4 ҳазор маҳсулоти дохилӣ ба бозори Аврупо бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид карда шавад.

“Ин раванд интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Аврупоро осон мегардонад ва рақобатпазирии маҳсулоти дохилиро дар ин минтақа боло мебардорад. Барои аз афзалиятҳои ин низом истифода бурдан, Тоҷикистон бояд 27 конвенсия ва протоколҳои дар самти ҳуқуқи инсон, ҳифзи меҳнат, муҳити зист ва идораи пурмаҳсул эътирофкардаашро амалӣ намояд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Кумитаи давлатии маблағгузоӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Хамрализода таъкид дошт, ки ба ин низом ворид шудан, яке аз мақсадҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз Иттиҳоди Аврупо даъват намуд, ки дар ин самт Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоянд.

Тоҷикистон соли 2018 бо 36 давлати Аврупо тиҷорат намудаст, ки бештари онҳо аъзои Иттиҳоди Аврупоанд. Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ 320 миллион долларро ташкил намудааст. Аз Тоҷикистон ба Аврупо ба маблағи 63 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин минтақа Олмон будааст, ки гардиши мол байни ин ду кишвар 97,7 млн доллар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное