Вазорати саноат ширкати “Пакрут”-ро ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло даъват кард

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Пакрут” даъват кард, ки барои ҳарчӣ бештар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом чораҳои таъхирнопазир андешад. Бино ба иттилои дафтари матбути Вазорат, фаъолияти корхонаи мазкур зимни вохӯрии вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода бо менеҷери генералии  […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Пакрут” даъват кард, ки барои ҳарчӣ бештар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом чораҳои таъхирнопазир андешад.

Бино ба иттилои дафтари матбути Вазорат, фаъолияти корхонаи мазкур зимни вохӯрии вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода бо менеҷери генералии  ширкати Чжан Ган баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаи бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазир ба намояндагони ширкати ҶДММ “Пакрут” вобаста ба риоя намудани техникаи бехатарӣ дар раванди истеҳсолот, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва риояи муқаррарот ва талаботҳои қонунгузорӣ дастур дод.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои  рушди ҳамкориҳои дуҷониба, доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки бастаи пурраи саҳмияҳои ҶДММ “Пакрут” аз соли 2014 ба корпоратсияи China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd.-и Чин тааллуқ дорад.

Доир ба истеҳсоли сиккаҳои нахустини тилло аз маъдани истихроҷшуда дар кони “Пакрут” корпоратсияи чинӣ аввали соли 2017 хабар дода, аввалин намунаҳои тиллои покшуда тирамоҳи соли 2015 ба даст оварда шуда буд, ки бо мақсади озмоиши таҷҳизот сурат гирифта буд.

Соли 2017 кони тиллои “Пакрут” аз тармафароӣ зарар дида, ба дастгоҳу таҷҳизоти корхона зиёни назаррас расид, ки ба боздошти фаъолияти он боис гардид.

Ҷараёни истеҳсолот дар коргоҳи ғанисозӣ танҳо семоҳаи дуюми соли гузашта барқарор шуда, 1 июл корхонаи маъдангудозӣ сиккаҳои тилло исеҳсол намуд.

Соли сипаришуда корпоратсияи CNG изҳор намуд, ки барои беҳбуди коркарди кон иловагӣ 70 млн. доллар маблағгузорӣ кардааст. То ин дам ширкат барои коркарди кон беш аз 180 млн. доллар сармоягузорӣ равона карда буд.

Муҳлати иҷозатномаи гирифтаи CNG ба коркарди кони “Пакрут” соли 2030 ба итмом мерасад. То он замон ширкати Чин ният дорад, ки аз ин кон 857 ҳазор унсия (воҳиди вазн, ки ба 29,86 гр. баробар аст) тилло ва 123 ҳазор унсия нуқра ба даст орад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.