Нархи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон – 2 ва NGN – 10 баробар боло меравад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намудааст, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам ва як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN – на камтар аз 1 сомонӣ бидуни назардошти андозҳо муқаррар кунанд. Дастури нави Хадамоти зиддинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” санаи 4 марти […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намудааст, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам ва як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN – на камтар аз 1 сомонӣ бидуни назардошти андозҳо муқаррар кунанд.

Дастури нави Хадамоти зиддинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” санаи 4 марти соли 2019 ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад.

“Бо мақсади таъмини суръат дар сатҳи зарурӣ аз ҷониби операторони мобилӣ, нархи 1 мегабайти интернет на камтар аз 0,05 сомонӣ (бе назардошти андозҳои ғайримустақим) муқаррар карда шавад”, – гуфта мешавад дар дастур.

Айни замон агар як гигабайти интернет дар операторони Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошта бошад, пас аз 27 март арзиши он бе назардошти андозҳои ғайримустақим на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 18% ва аксиз – 5% арзиши он на камтар аз 62 сомонӣ мешавад. Аз ин бармеояд, ки интернет беш аз ду баробар қимат мешавад.

Дар бораи болоравии нарх барои ширкатҳои фароҳапмсози интернет (провайдерон) дар супориш чизе гуфта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январ зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳмоҷон Атоев хабар дода буд, ки “ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) то 50 Гигабит афзуда, поинравии нархи интернет дар назар аст”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.