Қатъи интиқоли барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе ва Хуҷанд то соати 16

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои А. Рӯдакӣ, Чашмасор, Соатов, Гагарин, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus, Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои А. Рӯдакӣ, Чашмасор, Соатов, Гагарин, Пролетарский, Ҳамзаалиев, Б.Ғафуров, Ҳисор, Абдуллобекова, Маяковский, Ҳувайдуллоев. А.Ғуломов, Тунис, Ҳаёти нав, Шараф, Шамсӣ, Роҳи нав, Ломоносов, ҳамчунин маҳаллаҳои Қаротегин, Баҳорӣ, Чинори Имом, Камол, Гулбутта ва Гулпарвар боздошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.

Қисмати зиёди шаҳри Хуҷанд низ имрӯз бе барқ мемонад

Дар раҳбарияти Шабакаҳои барқи шаҳр хабар доданд, ки бо мақсади анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар дастгоҳу шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла шабакаҳои интиқоли барқ бинобар сабаби ба охир расидани мавсими сармо, интиқоли барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр қатъ мегардад.

Имрӯз аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои зерини шаҳри Хуҷанд боздошта мешавад: Хуҷанд, Тути калон, Чорчароғ, Раззоқӣ, Масҷиди Савр, Қорираҳмат Қурбонов, Содирхон Ҳофиз, Шарқ, Сари баландӣ, Ҷаббор Расулов, 1-уми май, Сирдарё, Сайҳун, Чашмаи арзана, Бофанда, Ваҳдат, микрорайонҳои 26,27,28,29, Темурмалик, 3, 8 мкр., 80-солагии Душанбе, Тиллокон, 12 мкр., Мевагул 13, 18 мкр., Суғдиён 19, 20 мкр., Дӯстии халқҳо, 31, 32,33 мкр. ва Навбаҳор.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, – қайд карданд дар шабакаҳои барқи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.