Манъи вуруди ҷавонони синни то 18-сола ба толорҳои букмекерии Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар қаламрави пойтахт фаъолият доранд, дар робита бо ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо, мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, ба муқаррарот ва […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар қаламрави пойтахт фаъолият доранд, дар робита бо ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти чунин идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то синни 18 сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳр таъкид намуд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, саривақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Таъкид шуд, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои  букмекерӣ риоя нагардидани  талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нукта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.