Мукофотпулии раиси пойтахт ба занони масъул ба тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани 3 млн. 82 ҳазор сомонӣ барои бо мукофотпулӣ қадрдонӣ кардани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ ва дигар воҳидҳои сохтории шаҳрдорӣ қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, воситаҳо аз фонди захиравии дастгоҳи […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани 3 млн. 82 ҳазор сомонӣ барои бо мукофотпулӣ қадрдонӣ кардани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳ ва дигар воҳидҳои сохтории шаҳрдорӣ қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, воситаҳо аз фонди захиравии дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ ҷудо гардида, ба ҳар кадоме аз занони ин сохторҳо 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки беш аз 3 ҳазор нафар занони масъули тозагӣ дар роҳу кӯчаҳои пойтахт аз раиси пойтахт мукофотпулӣ мегиранд.

Раиси шаҳр ба шахсони масъул дастур дод, ки мукофотпулӣ ба занон дар фазои тантанавӣ супурда шавад. Назорат аз болои иҷрои қарори мазкурро Рустами Эмомалӣ ба дӯши муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.