Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати ХБА-ро ба ҳузур пазируфт

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хазинаро мусбат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот ва ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла ХБА, тайи солҳои охир фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Қайд гардид, ки дар доираи стратегияи рушди дарозмуддат азму талошҳои ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Зарур шуморида шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи афзалиятҳои стратегии рушди кишвар барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлат, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ талошҳои ҷиддӣ ба харҷ хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...