Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ: Ҷониби Қирғизистон муқобили аҳднома оид ба бунёди роҳ аст

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд, ки боиси оғози низоъ дар ин минтақа гардид, гуфта мешавад дар изҳороти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

“Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд”,- зикр шудааст дар изҳорот.

Дар изҳороти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба тақдири гаравгонҳо  чизе гуфта нашудааст, аммо як сокини ҷамоати Ворух ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳоро бо як шаҳрварди Қирғизистон иваз намудаанд:

“Онҳо аввал занҳо ва кӯдаконро озод намуданд. Баъдан сарҳадбонони мо як шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар ҳудуди ҷамоат ба ордфурӯшӣ машғул буд, боздошт карданд. Ӯро бо гаравгонҳо иваз намуданд. Аммо мусофирони маршруткаро ба Ворух роҳ надоданд. Онҳо ба сӯйи Исфара рафтанд ва ҳоло дар деҳаи Хоҷаи Аъло қарор доранд”,-гуфт сокини Ворух.

Ҳамчунин, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ гуфтааст, ки дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон силоҳи шикорӣ истифода шудааст.

“Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ, лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Таги-сада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд”,-гуфта мешавад дар изҳороти Сарраёсатиқӯшунҳои сарҳадотии КДАМ.

Мақомоти Тоҷикистон иброз менамояд, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғистон Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло ба роҳ мондааст: “Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳоло вазъ дар марзи Воруху Оқсой таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад ва барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара гуфтушунид баргузор гардида, баррасии масъалаҳои баҳсӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...