Ду соли зиндон ба ҷойи ду сол хизмати ҳарбӣ

Аваз Юлдошев

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини шаҳри Душанбе Шарифбек Зулфиқоровро, ки 27 октябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Замони даъват комиссияи ҳарбии тиббӣ вазъи солимии ӯро коршоям барои хизмат эътироф намуда, лекин пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ, Зулфиқоров қотеъона хизматро дар сафи артиши миллӣ рад кардааст.

“Бо вуҷуди ин, ӯ ба яке аз қисмҳои низомӣ дар пойтахт ба хизмат фиристода шуда, вале баъди омадан ба ҷойи хизмат, изҳор менамояд, ки агар ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод накунанд, даст ба худкушӣ мезанад ва аз иҷрои қарзи ҳарбӣ қотеъона саркашӣ мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Дар идома нисбати ӯ мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар) парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Бо қарори суд ӯ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда, муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...