Ду соли зиндон ба ҷойи ду сол хизмати ҳарбӣ

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини шаҳри Душанбе Шарифбек Зулфиқоровро, ки 27 октябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, ба ду соли зиндон маҳкум кард. Замони даъват комиссияи ҳарбии тиббӣ вазъи солимии ӯро коршоям барои хизмат эътироф намуда, лекин пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ, Зулфиқоров қотеъона хизматро дар […]

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини шаҳри Душанбе Шарифбек Зулфиқоровро, ки 27 октябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Замони даъват комиссияи ҳарбии тиббӣ вазъи солимии ӯро коршоям барои хизмат эътироф намуда, лекин пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ, Зулфиқоров қотеъона хизматро дар сафи артиши миллӣ рад кардааст.

“Бо вуҷуди ин, ӯ ба яке аз қисмҳои низомӣ дар пойтахт ба хизмат фиристода шуда, вале баъди омадан ба ҷойи хизмат, изҳор менамояд, ки агар ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод накунанд, даст ба худкушӣ мезанад ва аз иҷрои қарзи ҳарбӣ қотеъона саркашӣ мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Дар идома нисбати ӯ мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар) парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Бо қарори суд ӯ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда, муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.