Сафари як ҳайати бонуфузи ҳукумати Тоҷикистон ба Тошканд

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14 март ҷиҳати иштирок дар кори нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз бо иштироки муовини сарвазирони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, ба шаҳри Тошканд сафар кард. Ҳайати Тоҷикистонро, ки ба он вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, раисони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи […]

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14 март ҷиҳати иштирок дар кори нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз бо иштироки муовини сарвазирони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Ҳайати Тоҷикистонро, ки ба он вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, раисони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовинони чанде аз вазорату идораҳои дигар шомиланд, муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода роҳбарӣ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар форум баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, ҳавасмандсозии савдои байниминтақавӣ, беҳбуди вазъи соҳаи сайёҳӣ, тақвияти имконоти ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити молу маҳсулот дар назар аст.

Дар кори форум беш аз 200 нафар роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, доираҳои тиҷоратӣ, коршиносону таҳлилгарони минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин сармоягузорони имконпазири берун аз ҳудуди минтақа ширкат меварзанд.

Дар чаҳорчӯби барномаи кори форум дар Маркази миллии намоишгоҳҳои “Узэкспоцентр» намоишгоҳи маҳсулоти кигшварҳои истеҳсолкунанда доир мегардад.

Пас аз анҷоми кори форум дар шаҳри Токшканд вохӯрии кории муовинони сарвазирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.