Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи қазия дар сарҳади кишварҳо ба итмом расиданд. Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои он, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Дар бораи чӣ муқаррароте дарҷ ёфтан дар матни созишномаи нав маълумот дастрас нест.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

“Дар ин созишнома ҳама чиз дарҷ ёфтааст ва моро танҳо лозим аст, ки фаъолона ҷиҳати амалисозии он кор кунем”, – қайд кард роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гунаҳкорон дар сар задани муноқиша дар сарҳад дарёфт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

“Одамон ҳалок шуданд, инро тафтиш ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашидан лозим аст. Дар ин самт мақомоти прокуратураи ҳарду кишвар бояд дар ҳамдастӣ кор кунанд”,- иброз дошт Азим Иброҳим.

Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар навбати худ изҳор намуд, ки аз тавофуқҳои ҳосилшуда қаноатманд аст.

“Хеле хушнудам, ки ба мо ба созиш расидан муяссар шуд, ин дар навбати аввал, барои аҳолии маҳаллӣ муҳим аст. Аз рӯи тавофуқҳои ҳосилшуда кор хоҳем кард”, – гуфт ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...