Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад

Гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи қазия дар сарҳади кишварҳо ба итмом расиданд. Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои он, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд. Дар бораи чӣ муқаррароте дарҷ ёфтан дар матни созишномаи […]

Гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи қазия дар сарҳади кишварҳо ба итмом расиданд. Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои он, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Дар бораи чӣ муқаррароте дарҷ ёфтан дар матни созишномаи нав маълумот дастрас нест.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

“Дар ин созишнома ҳама чиз дарҷ ёфтааст ва моро танҳо лозим аст, ки фаъолона ҷиҳати амалисозии он кор кунем”, – қайд кард роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гунаҳкорон дар сар задани муноқиша дар сарҳад дарёфт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

“Одамон ҳалок шуданд, инро тафтиш ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашидан лозим аст. Дар ин самт мақомоти прокуратураи ҳарду кишвар бояд дар ҳамдастӣ кор кунанд”,- иброз дошт Азим Иброҳим.

Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар навбати худ изҳор намуд, ки аз тавофуқҳои ҳосилшуда қаноатманд аст.

“Хеле хушнудам, ки ба мо ба созиш расидан муяссар шуд, ин дар навбати аввал, барои аҳолии маҳаллӣ муҳим аст. Аз рӯи тавофуқҳои ҳосилшуда кор хоҳем кард”, – гуфт ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.