Сарҳадбононро аз роҳи Ворух-Исфара дур мекунанд

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд. Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро дастоварди асосии гуфтушунидҳо номид. […]

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро дастоварди асосии гуфтушунидҳо номид.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо муовинони сарвазир бо сокинони Ворух вохӯрда, ба онҳо ваъда доданд, ки рафти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшударо назорат хоҳанд кард.

Азим Иброҳим ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки мунтазам аз ҷамоати Ворух боздид намуда, ҷараёни иҷрои тавофуқҳои бадастомадаро дар гуфтушунид пайгирӣ намояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.