Роҳи Ворух-Исфара барои ҳаракати нақлиёт ва равуо боз шуд

Ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон бо роҳи Ворух-Исфара баъди панҷ рӯзи баста шудан дубора имконпазир шуд. Роҳи мазкур, ки қаблан аз ҷониби қирғизҳо баста шуда буд, пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба роҳ надодани муноқишаҳо дар сарҳад ҳамаҷониба талош хоҳанд варзид. Дар […]

Ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон бо роҳи Ворух-Исфара баъди панҷ рӯзи баста шудан дубора имконпазир шуд.

Роҳи мазкур, ки қаблан аз ҷониби қирғизҳо баста шуда буд, пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба роҳ надодани муноқишаҳо дар сарҳад ҳамаҷониба талош хоҳанд варзид.

Дар шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид, ки дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ доир гардид, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки дастоварди муҳими он аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани марзбонони ҳарду кишвар мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ворух барои Тоҷикистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида мешавад. Эксклав – қаламравест, ки дар дигар кишвар воқеъ буда, ба ин давлат тобеъ аст. Анклав – қаламраве, ки дар дохили як кишвар воқеъ буда, лекин ба ин давлат тобеъият надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.